Мадина ва Чоршанбе суруди Далер Назаровро бо овози зинда бозхонӣ карданд - видео

© © Sputnik Мадина Акназарова
Мадина Акназарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Обуна шудан
Мадина ва Чоршанбе - ду овозхони ҷавони тоҷик суруди ҳунарманди номӣ Далер Назаровро бо услуби нав суруданд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Навори бозхонии суруди Далер Назаров - "Некӣ бимонад ҷовидон" аз ҷониби сарояндагони ҷавону машҳури Тоҷикистон - Мадина Ақназарова ва Чоршанбе Аловатов дар "Instagram" нашр шудааст.
Суруд дар табиати зебо ва бо овози зинда иҷро шудааст.
Аз навор дида мешавад, ки Чоршанбе дар даст гитор менавозаду Мадина овозхонӣ мекунад.
Аксари корбарони интернет аз ин дуэти сарояндагони ҷавон хуш истиқбол кардаанд.
Бархеҳо ин ду сарояндаро "боиси ифтихори Тоҷикистон" хондаанд, вале гурӯҳи дигаре аз тарзи бозхонии суруди Далер Назаров изҳори норозигӣ карда, мегӯянд, бояд аввал аз "мактаби маэстро гузаранд".
Ин нахустин суруди муштараки Мадина ва Чоршанбе набуда, онҳо пештар низ яке аз таронаҳои машҳури гурӯҳи "Парем" "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карда буданд.
Мадина Акназарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо
Мадина ва Чоршанбе ду-се соли охир аз сарояндагони муваффақ ва пуркори санъати тоҷик ба шумор мераванд.
Онҳо ҳар ду хатмкардаи Мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов мебошанд.
Мадина Ақназарова бештар бо иҷрои сурудҳои қадимии афғонӣ машҳур аст, ки дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, мақсад дорад, таронаҳои фаромӯшшудаи қадимиро аз нав эҳё кунад.
Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2019
Чоршанбе Аловатов: ашхоси доро мехоҳанд баҳои ҳунарро арзон кунанд
Чоршанбе бошад, пас аз пирӯзӣ дар озмуни байнламилалии интихобии озмуни "Central Asia Got Talent" машҳур шуд. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, талош мекунад, бо омезиши жанрҳои халқӣ ва муосир санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0