Номаҳои хайрбодиву табрики Раҳмон ба канслерони пешину кунунии Олмон

© AP / Gero BreloerКанцлер Германии Ангела Меркель и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Канцлер Германии Ангела Меркель и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Президенти Тоҷикистон ба конслерҳои пешину кунунии Олмон Ангела Меркел ва Олаф Шолтс барқияҳои хайрбодию табрик фиристодааст
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар номае, ки ба Ангела Меркел фиристод, аз барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайвастаю самарабахшаш дар муносиботи Тоҷикистону Олмон изҳори сипос кардааст.
"Бо хотироти нек аз мулоқоту суҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши хонуми олиҷоҳро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Олмон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем",- омадааст дар паёми президент.
Канцлер ФРГ Ангела Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Гусели бошукӯҳи Ангела Меркел аз мақоми садри аъзам дар Олмон - видео
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки анъанаҳои равобити ҳасана ва шарикии байни кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.
Дар поёни нома Эмомалӣ Раҳмон ба Ангела Меркел сиҳатмандии комилу саодати рӯзгор ва ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно кардааст.
Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар бо ирсоли номаи дигаре Олаф Шолтсро барои расиданаш ба курсии садри аъзами Олмон табрик карда, ба ӯ дар кори пурмасъулияташ муваффақият хостааст.

"Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон, яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад", - омадааст дар номаи Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фарҷоми табрикаш Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки бо саъю эҳтимоми муштарак шарикии гуногунҷанбаи кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, ба сатҳи нав хоҳад расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала