Русия марзи Тоҷикистонро бо танкҳо таҳким бахшид: видео

Обуна шудан
Маросими тақдими мошинҳои ҷангии нав дар маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуд
Ба низомиён мошинҳои ҷангии Т-72В3М ва дигар техникаи дифоӣ тақдим шуд.
Дар ояндаи наздик танкронҳоро бозомӯзии густарда интизор аст. Онҳо истифода аз намунаҳои нави таҷҳизотро меомӯзанд ва ҳамчунин омӯзише барои иртиқои тахассуси ронандагони мошинҳои ҷангӣ низ дар назар аст.
Илова бар ин аз танкҳои нав дар машқҳои мухталифи пойгоҳи 201-ум, аз ҷумла бо дигар воҳидҳои ин сохтор истифода хоҳанд шуд.
Пешгирии ҳамлаи "мусаллаҳона" ба пойгоҳи 201-ум
Ба гуфти генерал-полковник Александр Лапин, дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маҷмуае аз тадбирҳо амалӣ мешавад, ки бояд сатҳи омодагии ҷангии онро боло барад.
Таҷҳизоти нав 6 декабр ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия мунтақил шуд. Пойгоҳи низомии Русия беш аз сӣ танки муосири T-72B3M-и беҳинасозишуда дарёфт кард.
Чанде пеш се баталони тирандози савораи пойгоҳи 201-ум аслиҳаи куҳнаи худро бо техникаи муосири низомии БМП-2М ва БТР-82А иваз кард.
Пойгоҳи 201-и Русия дарси омодагиҳои ҷангиро ду баробар зиёд мекунад
Пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар ба шумор меравад.
Он дар ҳудуди ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Лентаи хабарҳо
0