Русия танкҳои замонавиро ба кӯҳистони Тоҷикистон интиқол дод

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТанк Т-72Б3
Танк Т-72Б3 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Обуна шудан
Дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон 30 тонки нави Т-72Б3М-и пойгоҳи низомии 201 мустақар шуд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Шуморе аз ин танкҳо ба тамрингоҳе дар як минтақаи кӯҳистонӣ фиристода шудаанд, мегӯяд дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия.
"Нозирони ҳарбии Русия интиқоли бехатари 30 тонки нави Т-72Б3М-ро, ки ба пойгоҳи низомии 201 ворид шуда буданд, фароҳам карданд. Интиқоли мошинҳои ҷангӣ аз истгоҳи борбарии роҳи оҳани Айнӣ ба Лоҳур сурат гирифт”, - гуфта мешавад дар изҳороти манбаъ.
Ёдовар мешавем, рӯзи 6-уми декабр низомиёни Русия дар Тоҷикистон 30 танки замонавии Т-72Б3М-ро барои иваз кардани мошинҳои ҷангии қаблӣ дарёфт карда буданд.
Дар ояндаи наздик танкчиҳоро бозомӯзии густарда интизор аст.
Илова бар ин аз танкҳои нав дар машқҳои мухталифи пойгоҳи 201-ум, аз ҷумла бо дигар воҳидҳои сохтор истифода мешавад.
"Танкҳои замонавӣ тавони ҷангии воҳиди танкии 201-уми пойгоҳи низомиро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳанд", - шарҳ дод роҳбарияти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Гуфта мешавад, танкҳои воридшуда дорои имконоти зиёд, аз қабили силоҳҳои замонавӣ ва ҷойҳои захиракунии зиёд мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ба пойгоҳи 201 мусалсалҳои вазнини НСВ "Утес" таҳвил шуда буд.
Бозсозии густардаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон пас аз ташдиди авзоъ дар Афғонистон сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0