Бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПодготовка Душанбе к празднику Навруз
Подготовка Душанбе к празднику Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Ҳавои Тоҷикистон бебориш хоҳад шуд. Шамол дар аксар минтақаҳо бо суръати 10 метр дар як сония мевазад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳавосанҷон дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гармиро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқи вилоят шабона 16-21, дар баъзе минтақаҳо то 24-29 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мекунад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 дараҷа хунук 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 дараҷа хунук ва 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7- 12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала