Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон 280 миллион доллар ихтисос медиҳад

© REUTERS / Zohra Bensemra55-летний Гул Мохаммад завтракает, сидя рядом со своими инструментами в ожидании работы на рынке в Кабуле, Афганистан
55-летний Гул Мохаммад завтракает, сидя рядом со своими инструментами в ожидании работы на рынке в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
ЮНИСЕФ 100 миллион доллар дарёфт хоҳад кард, ки аз ин маблағ ба 12,5 миллион нафар кумаки тиббӣ расонда мешавад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ то охири сол 280 миллион доллар аз маблағҳои масдудшударо барои дастгирии Афғонистон ба ду созмони имдодрасон месупорад.
"Донорҳои Сандуқи эҳёи Афғонистон тасмим гирифтанд, ки то охири моҳи декабри соли 2021 аз маблағҳои худ ба Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) 280 миллион доллар ҷудо кунад", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ЮНИСЕФ 100 миллион доллар дарёфт мекунад ва ин маблағ ба 12,5 миллион нафар барои кумаки тиббии ҳаётан муҳим ва моякӯбии як миллион нафар алайҳи бемориҳо ихтисос меёбад.
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Ҳушдори дабири кулли СММ аз афзоиши фақру гуруснагӣ
Илова бар ин Барномаи ҷаҳонии ғизо барои таъмин намудани 2,7 миллион нафар 180 миллион доллар мегирад.
Қаблан фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири департаменти дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов гуфта буд, ки Русия талош дорад, Амрикоро ба раҳо намудани дороиҳои Афғонистон мутақоид кунад, аммо ба назар мерасад, Ғарб ин маблағҳоро дидаву дониста дар ин кишвар масдуд кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала