Фоҷеа дар Амрико ба марги беш аз 80 нафар анҷом ёфт

© REUTERS \ DAVID W CERNYТорнадо в Чехии
Торнадо в Чехии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Офати табиӣ якчанд иёлатро фаро гирифт. Беш аз 70 нафар кушта шуд ва тақрибан 200 ҳазор сокин бебарқ монд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Якчанд иёлати шарқии Амрикоро гирдбод ва тӯфони шадид фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА "Новости". Аз ҷумла офати табиӣ Иллинойс, Миссури, Арканзас, Кентукки ва Теннессиро фаро гирифтааст.
Гуфта мешавад, танҳо дар Кентуккӣ тақрибан 70 нафар кушта шуд. Инчунин дар бораи марги як сокини хонаи пиронсолон дар Арканзас ва се нафар дар Теннессӣ гузориш шудааст.
Тақрибан 138 ҳазор нафар дар Теннессӣ ва 72 ҳазор нафар дар Кентуккӣ аз нерӯи барқ маҳрум монданд.
28 июня 2021 года затопило станцию метро Ясенево во время сильного ливня
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Маскавро тӯфони борон фаро гирифт - видео
Президенти ИМА Ҷо Байден дар Кентуккӣ вазъияти изтирорӣ эълон кард ва ба манобеи федералӣ амр дод, ки ба минтақаҳои осебдида кумак кунанд.
Манбаъ меафзояд, сафорати Русия дар ИМА ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Лентаи хабарҳо
0