Кумаки раиси Суғд ба макотиби Мастчоҳ: 1600 мизу курсӣ тақдим мешавад

© Sputnik / Сергей ЕщенкоУчебный класс, архивное фото
Учебный класс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба макотиби ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 1600 адад мизу курсӣ тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ин мизу курсиҳо, ки барои 3200 нафар пешбинӣ шудаанд, бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ироа мегарданд, навиштааст дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, аллакай 500 адад мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардиданд.
Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ изҳор доштааст, дар навбати аввал муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, аз ин кумак бархурдор хоҳанд шуд.
Ребенок обедает в школьной столовой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Баррасии таъмини ғизои мактабӣ барои муҳассилин дар Хатлон: аз боғи худӣ то гранти хориҷӣ
"Дар рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар хоҳад омад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимиеро, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин кард", - навиштааст дафтари матбуотии ҳукумати Суғд аз қавли Ализода.
Раиси навтаъйини Мастчоҳ илова намудааст, ки дар давоми соли равон нақша доранд, бо дастгирии соҳибкорон мактабро бо компютер низ таъмин кунанд.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, дар маҷмуъ дар ноҳияи Мастчоҳ 47 муассисаи таълимии ноҳия фаъолият дошта, 27 ҳазору 899 нафар хонандаро бо таҳсил фаро гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала