Маҳмадбеков дар ҳайати тими Русия медали биринҷии мусобиқаи Аврупоро гирифт - видео

© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори шинохтаи Тоҷикистон дар ҳайати тими русиягӣ дар мусобиқаи Аврупо соҳиби медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дастаи "Урал-Западная Сибир", ки Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати он аст, соҳиби мақоми сеюм ва медалҳои биринҷии "Лигаи Аврупо" гардид.
Дар мусобиқаҳо барои медалҳои биринҷӣ тими Сомон Маҳмадбеков бо дастаи "Локомотив"-и Налчик, ки он ҳам Русияро намояндагӣ мекунад, зӯрозмоӣ намуд.
Қувваозмоиҳо миёни "Урал-Западная Сибир" ва "Локомотив" бо ҳисоби умумии 5:0 ба фоидаи тими Сомон анҷом ёфт.
Маҳмадбеков дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар риштаи ҷудо дар вазни 73 кило низ вориди майдон мешавад. Ӯ феълан дар мақоми 19-уми радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифта, 2257 имтиёз дорад.
Маҳмадбеков, ки ахиран Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои "Paris Grand Slam-2021" намояндагӣ кард, мақоми панҷумро гирифт.
Сомон аз оилаи варзишкорони шинохта, Маҳмадбековҳо мебошад, ки дар тимҳои Русия ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Бародари хурдияш Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ҷоизаҳои зиёди байналмилалиеро касб карда, дар мактаби захираҳои олимпии шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии бародарон Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0