Роҳбари AMC "Fight Nights" аз қарзи Чоршанбеев гуфт: "Надиҳад, бо дигар забон гап мезанем"

© FacebookЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Президенти созмони AMC "Fight Nights2 аз қарзи Чоршанбе Чоршанбеев гуфта, ҳушдор додааст, ки дар сурати саркашӣ аз пардохт бо ӯ "бо дигар забон" гап мезананд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Варзишкори ҳунарҳои размии омехта - ММА Чоршанбе Чоршанбеев, ки ахиран қарори депорташ аз Русия содир шуд, аз созмони AMC "Fight Nights" қарздор мебошад.
Дар ин бора Комил Гаҷиев, президенти AMC "Fight Nights" дар ҳошияи мусобиқа ба хотири Абдулманап Нурмуҳаммадов дар Саратов ба рӯзноманигорон хабар додааст.

"Ӯ барои муҳориба гонорар гирифт ва он фоизе, ки ба "Fight Nights" тибқи созишнома пешбинӣ шуда буд. Ман дар бораи дастфишории мардона ҳанӯз намегӯям. Ӯ ҳанӯз онро пардохт накардааст", - изҳор кардааст Гаҷиев.

Ба гуфтаи Гаҷиев, феълан Чоршанбиев ва менеҷераш тамос намегиранд. Дар ин зимн ӯ таъкид кард, ки варзишкор рӯирост аз пардохти маблағ сарпечӣ накардааст.
"Чоршанбе "Fight Nights"-ро ҳамон рӯзе фиреб хоҳад дод, ки гӯяд, маблағро пардохт намекунад. Аммо ӯ чунин нагуфт. Вай изҳор кард, ки сабқат мекунад, пулро медиҳад. Баъди ин ҳанӯз муҳорибае надоштааст", - тавзеҳ дод Гаҷиев.
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Мусобиқаи варзишӣ дар Маскав бо задухӯрди ҷамъӣ анҷом ёфт - видео
Дар сурати саркашӣ аз додани маблағ бо Чоршанбиев "бо забони дигар суҳбат сурат мегирад", ҳушдор додааст президенти промоушен.
Гаҷиев гуфтааст, ки маъруфияти Чоршанбиев ва "ҳайп" атрофи ӯ ба ҳадди пешина нест.
Ин дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи Маскав Чоршанбиевро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия панҷ ҳазор рубл ҷарима баста, қарори ихроҷи маҷбурияш аз Русияро содир кард. Таъкид шуд, ки то ихроҷ Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0