Сабукӣ барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДорожная техника на строительстве Рогунской ГЭС
Дорожная техника на строительстве Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Консорсиуми "Tractebel Engineering S.A." ва зерсохторҳои он аз пардохти баъзе намудҳои андоз дар зимни сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" озод мебошанд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Иҷрои кор ва хидматрасонӣ аз тарафи консорсиуми "Tractebel Engineering S.A." зимни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар соли 2022 аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.
Ин нукта дар Қонуни буҷа барои соли 2022 таъкид шуда, зикр гардидааст, кору хизматрасониҳо тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешаванд.
Инчунин илова гардидааст, ки дар соли 2022 кор ва хидматрасонии зерпудратчиёни консорсиум низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
Нерӯгоҳи "Роғун" бузургтарин иншооти Тоҷикистон мебошад, ки ҷумҳурӣ мустақилона ба бозсозии он соли 2008 оғоз кард.
Ҳоло танҳо ду агрегати НБО-и "Роғун" кор мекунад, ки аввалаш моҳи ноябри соли 2018 ва дувумӣ моҳи сентябри соли 2019 фаъол шуд.
Дар маҷмуъ, дар НБО “Роғун” насби шаш агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадомаш 600 МВт арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ то соли 2033 пурра ба анҷом расад.
Нерӯгоҳи "Роғун" бо садди 335-метрӣ ва иқтидори тавлиди 17 миллиард киловат-соат нерӯи барқ дар сол бузургтарин НБО дар минтақа хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала