Шавкат Раҳимов муштзани ӯзбекро мағлуб кард - видео

Обуна шудан
Ҳарифи ӯзбекистонии Шавкат Раҳимов тоб наоварда, қариб дар ибтидои муҳориба таслим шуд
Муштзани Русия ва зодаи Тоҷикистон Шавкат Раҳимов дар мусобиқаи RCC "Boxing Promotions" бар Сардор Музаффаров аз Ӯзбекистон пирӯз шуд.
Мусобиқа дирӯз дар бинои Академияи ҳунарҳои размии РМК дар Екатеринбург баргузор шуд. Раҳимов дар даври сеюм бо нокаути техникӣ ғалаба кард.
"Ман интизор набудам, ки мубориза бо нокаут ба охир мерасад. Ман мехостам, ки ҳашт ё даҳ раунд бокс кунам. Ҷиддӣ омодагӣ гирифтам, интизомро риоя кардам, дар ҳолати аъло омадам", - гуфт Раҳимов.
Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи ютуб-канали "Box" TV варзишгар иқрор шуд, ки тӯли бештари муборизаро интизор буд. Вай дар ринг бори аввал набуд, ки бо Музаффаров вомехӯрад: охирин муборизаи онҳо тақрибан панҷ сол пеш сурат гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0