Арафаи Соли Нав: нархи норангию шампон дар Тоҷикистон аз арзонтаринҳост

Шампанское на новый год
Шампанское на новый год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Нархи шишаи шампону килои норангӣ дар Тоҷикистон танҳо дар қиёс бо Қазоқистон гаронтар аст
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи норангӣ ва шампон - навъи шароби ангурии кафкдор назар ба кишварҳои дигари ИДМ, ба истиснои Қазоқистон арзонтар мебошад. Дар ин бора шабакаи телевизионии байнидавлатӣ, "МИР 24" хабар медиҳад.
Бар асоси таҳлиле, ки ин манбаъ ироа кардааст, тоҷикистониён метавонанд ба ивази 3,8 доллар килои норангию як шиша шампон харидорӣ кунанд. Нархи арзонтар аз ин танҳо дар Қазоқистон мебошад, ки муодили 3,7 доллар аст.
Сипас Озарбойҷон низ дар ин радабандӣ мақом касб кардааст. Дар Боку барои ин навъи нӯшокию меваи ситрусӣ ҳудуди 4 доллар пардохт мегардад. Ба ҳамин миқдор пул сокинони Беларус низ метавонанд норангию шампон харидорӣ намоянд.
В Душанбе установили новогоднюю елку
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Дарахти мудерн: дар Душанбе арчаи солинавӣ қомат афрохт - акс
Дар Қирғизистон ин нишондод ҳудуди 5,8 долларро ташкил медиҳад. Гаронтарин нархи килои норангию шишаи машруб дар Русия сабт шудааст, ки ба 8,2 доллар баробар мебошад.
Инчунин зикр шудааст, ки дар Русия нархи икраи сурх низ боло рафта, килои он феълан 68 доллар арзиш дорад. Ба ҳисоби миёна нархҳо 15 дарсад қимат шудаанд. Ба ҳамин андоза маҳсулоти зарурӣ барои омода кардани хӯриши анъанавии солинавӣ - оливйе низ боло рафтаанд.
Ба иттилои гузоришгарон, дар Тоҷикистон арзонтарин нархи оливйе ҳудуди се доллар барои чор порсро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0