Ҳушдори ҳавосанҷон аз сардиҳои шадид дар Тоҷикистон

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Сокинони Тоҷикистонро тайи ду рӯзи оянда ҳавои сарду меҳ интизор аст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 13 то 15 декабр дар кишвар ҳаво сард хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, давоми ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳамин тариқ тайи ин рӯзҳо дар Душанбе ҳавои абрнок бо боришоти рӯзона пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво бошад, шабона 0+2 дараҷа гарм шуда, рӯзона аз 2+4 то 7+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ 15 декабр ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
13-15 декабр сокинони Суғдро ҳавои тағийрёбанда интизор буда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи ин минтақа бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар ВМКБ низ ҳавои тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барфро пешгӯӣ мекунанд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.
Дар қиёс ба дигар минтақаҳо, хатлониёнро ҳавои камабру бебориш мунтазир аст.
Ҳаво дар водиҳои Хатлон шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала