Ҳушдор аз сардиҳо: Чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

© SputnikСнегопад в Душанбе, архивное фото
Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Сокинони Тоҷикистонро то 16 декабр ҳавои сард интизор аст. Дар аксари ноҳияҳо боришоти барфу борон дар назар аст. Дар ин робита КҲФ ба сокинони чанд тавсия ироа намудааст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки тибқи маълумоти Ожонсии ҳавошиносии кишвар, то 16 декабр ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ то 8-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ дар ин рӯзҳо чанд тавсияро ба сокинони ҷумҳурӣ ироа намудааст. Аз ҷумла аз шаҳрвандон дархост шуд, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд ва барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Ҳушдори ҳавосанҷон аз сардиҳои шадид дар Тоҷикистон
Илова бар ин кумитаи мазкур ба ронандагон аз сардиҳо ҳушдор дода, талаб намудааст, ки мошинҳои худро қабл аз сафар хуб аз назар гузаронанд, чархҳои зимистонӣ насб кунанд, мошинҳои калони боркашро бо таҷҳизоти зидди яху лағзиш таъмин намоянд.

"Бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии шуморо таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, чорроҳаҳо, пулҳо, гардишҳо ва нишебиҳо эҳтиёт кунед", - тавсия додааст КҲФ.

Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки боми биноҳо аз ғарами барф зуд тоза шавад ва мошинҳоро набояд зери дарахтон гузошт.
Кумита дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала