Аз таъсиргузортарин мусалмон то пешвои исмоилиёни ҷаҳон: Оқохони IV 85 -сола шуд

Принц Карим Ага-Хан IV - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин таърихро исмоилиёни ҷаҳон чун Рӯзи мавлуд ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия 85 -умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро ҷашн мегиранд.
Дар Ҷашни мавлуд одатан дар сатҳи маҳаллу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.
Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 миллион нафар пайрави маҳзаби шиаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои исмоилиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ҳамасола исмоилиёни тамоми дунё ин рӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Аммо имсол ҳам аз сабаби пандемияи коронавирус имкони гирди ҳам омадани муридони Аълоҳазрат ғайримумкин шуд.
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
"Дуогӯи сулҳу суботи кишвари шумоям": номаи шодбошии Оқохони IV ба Раҳмон
Муридони Аълоҳазрат аз тариқи паёмак ҳамдигарро шодбош мегӯянду хурсандии худро бо дигарон қисмат мекунанд.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун Рӯзи мавлуд ҷашн мегиранд.
Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи Донишкадаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала