Мавутори тоҷикистонӣ дар тими "Шахтёр" мемонад

© Дафтари матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонДэвид Мавутор, футболбози тоҷикистонию ганагӣ
Дэвид Мавутор, футболбози тоҷикистонию ганагӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Дэвид Мавутор, футболбози зодаи Гана, ки бар асоси ҳолномааш шаҳрвандии Тоҷикистонро низ дорад, дар бошгоҳи "Шахтёр" мемонад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Роҳбарият ва ҳайати мураббиёни тими "Шахтёр"-и Қарағанда ҳавасмандияшро ба боқӣ мондани Дэвид Мавутор дар ин даста баён доштаанд, навиштаанд расонаҳои Қазоқистон.
Ба иттилои сомонаи Sports.kz, Мавутор низ мухолифи идомаи ҳамкорӣ бо "Шахтёр" нест.
Маврид ба зикр аст, ки Мавутор ба "Шахтёр" имсол дар доираи равзанаи трансферии тобистона гузашта, дар ҳайати тим се бозӣ анҷом доду як гол ба ҳадаф расонд.
Дэвид Гордон Мавутор, соли 1992 дар Гана таваллуд шуда, фаъолияташро соли 2007-ум аз тимҳои "Зайворд" ва "Ювентус" дар зодгоҳаш оғоз намудааст.
Бар асоси ҳолномаи нашршудаи Мавутор, ӯ соли 2012-ум ба тими "Равшан"-и Кӯлоб гузашта, баъдан дар ҳайати дастаи "Истиқлол"-и Душанбе низ бозӣ кардааст.
Солҳои 2018-2020 дар тими "Жетису"-и Қазоқистон, моҳҳои аввали соли равон дар ҳайати "Висла"-и Лаҳистон бозӣ кардааст.
Дар ҳолномаи Дэвид Мавутор, ки дар донишномаи озод бо чанд забон нашр шудааст, зикр шудааст, ки ин футболбоз дар баробари шаҳрвандии Гана инчунин шаҳрвандии Тоҷикистонро низ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала