Мехоҳед кор кунед? 35 корхонаи шаҳри Хуҷанд коргар меҷӯяд

Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Ахиран дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор шуда, ки дар он 35 корхонаи шаҳр коргар ҷустуҷӯ мекарданд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, ахиран дар мавзеи Регистони бозори марказии "Панҷшанбе" ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ташкил ва баргузор шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар ин ярмарка 35 корхона 561 ҷойи кори холӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои гуногун аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа , хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмон, саноат, бонкҳо барои шаҳрвандон пешкаш гардид.
Қайд карда шудааст, ки дар ярмарка барои бо ҷои кор таъмин шудан ва гирифтани машваратҳо зиёда аз 350 нафар шаҳрванд иштирок намудааст.
Ремонт дорог на улицах города Циндао в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Данғара дар таъмини кор ба аҳолӣ пешқадам аст
“Ба 8 нафар роҳхат барои касбомузонӣ ва ба 32 нафар тавсиянома ба корхонаю ташкилотҳо барои бо ҷои корӣ таъмин шудан дода шуд”, - илова кардааст манбаъ.
Шаҳрдорӣ зикр кардааст, ки ташкил ва баргузории чунин ярмаркаҳои ҷои кори холӣ дар кумитаҳои маҳаллаи шаҳр низ идома хоханд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала