Муҷоҳид мухолифатҳо миёни толибҳо дар мавриди ҳуқуқи занро таъйид кард

© AFP 2021 / AAMIR QURESHIОфициальный представитель движения "Талибан" Забихулла Муджахид
Официальный представитель движения Талибан Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибҳо мегӯяд, масъалаи ҳуқуқи занон дар Афғонистон ба баррасии уламои дин гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Ҳукумати ташкилкардаи толибҳо тибқи қавонини ислом амал хоҳад кард, изҳор дошт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ноиби вазири фарҳангу иттиллооти толибҳо дар гузориши TOLOnews.
Аммо дар бархе масоил миёни намояндагони гуруҳ, аз ҷумла дар бахши ҳуқуқи занон нофаҳмиҳо ҷой доранд. Ҳалли ин мухолифатҳо бо ҷалби уламои дин дар назар аст, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ин нахустин бор мебошад, ки намояндаи толибҳо ҷой доштани мухолифатҳо дар миёнашонро тасдиқ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан толибҳо ваъда доданд, ки ҳаққи таҳсилу кор барои занон дар кишварро фароҳам месозанд.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ дар Афғонистон манъ шуд: танҳо бо иҷозаи толибон
Қаблан Ҳибатуллоҳ Охунд, роҳбари толибҳо дар фармонаш гуфт, ки ризоияти духтари болиғ ҳангоми никоҳ зарур мебошад ва касе наметавонад ӯро маҷбур намояд.
Зан мол нест, балки инсони озоду асил аст, омадааст дар санади нашркардаи толибҳо.
"Пас аз вафоти шавҳар ҳар гоҳе муҳлати шаръӣ сипарӣ шуд, зани беваро на бародари шавҳар ба зӯрӣ ба никоҳ гирифта метавонад, на каси дигар. Зани бева дар мавриди никоҳ ва таъйини сарнавишти худ соҳибихтиёр мебошад", - иқтибос оварда шуд аз фармони Ҳибатуллоҳ.
Масъулини ҳукумати ҷадид дар Афғонистон муваззаф шудаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавриди ҳуқуқи занон дар кишвар бештар кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала