Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимони африқоӣ мегӯянд, таъсири "Pfizer" алайҳи омикрон ночиз аст

© AFP 2021 / JACK GUEZАмпулы с вакциной Pfizer
Ампулы с вакциной Pfizer - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Ширкати "Pfizer" қаблан эълон намуд, ки истифодаи ду воя навъи омикронро безарар мекунад. Аммо олимони Африқои Ҷанубӣ ин идаоро рад карданд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маълум гардид, ки таъсири ваксини "Pfizer" алайҳи навъи нави коронавирус ҳамагӣ 22,5 дарсад аст.
Дар ин бора олимони Африқои Ҷанубӣ хабар доданд. Онҳо пас аз тадқиқот ба хулосае омаданд, ки самаранокии ин навъ ваксина алайҳи штамми омикрон ночиз аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати мазкур эълон намуда буд, се вояи ваксинаи коронавирус штамми омикронро безарар мегардонад ва ду воя барои муҳофизат аз ин навъ кофӣ нест.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Аллакай дар 63 кишвар: омикрон аз делта хатарноктар аст?
Ба гуфтаи муҳаққиқон, ваксина метавонад инсонро аз бемориҳои шадид муҳофизат кунад.
Штамми омикрон дар охири моҳи ноябри соли 2021 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст. Таҳқиқот нишон додааст, ки он аз навъҳои қаблии коронавирус аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад.
Аломатҳои омикрон дар калонсолон ва кӯдакон гуногун ба назар мерасанд. Хастагӣ, дарди сар, набудани иштиҳо, доғҳои пӯст ва дилзании зиёд аз нишонаҳои ин навъи коронавирус аст.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирусӣ ором арзёбӣ мешавад ва бахши тандурустӣ давоми чанд ҳафтаи ахир аз ҳич як мавриди гирифторӣ ба ин вирус иттилоъ надодааст.
Вале қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала