Аллакай дар 63 кишвар: омикрон аз делта хатарноктар аст?

© Pixabay/geraltИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Коршиносони ТУТ аз навъи нави коронавирус изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо мегӯянд, гирифторӣ ба он нистабатан осонтар паси сар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) маълумоти техникӣ дар бораи навъи нави коронавируси омикронро нашр кард.
Дар санад гуфта мешавад, ки навъи нав дар 63 кишвари ҷаҳон дар тамоми шаш минтақаи зери назорати ТУТ кашф шудааст.
Инчунин хабар дода мешавад, ки тибқи маълумоти пешакӣ, омикрон метавонад муассирии ваксинаҳоро коҳиш диҳад.

"То имрӯз маълумоти маҳдуд вуҷуд дорад ва далели тасдиқшудаи муассирии ваксинаҳо бар зидди омикрон вуҷуд дорад", - омадааст дар изҳороти ТУТ.

Илова бар ин, тибқи баъзе гузоришҳо, суръати паҳншавии он дар ҷаҳон аз шиддати "делта" болотар аст.
Бо вуҷуди ин коршиносони ТУТ бовар доранд, ки навъи нав хатари хоҳад дошт, зеро аксари ҳолатҳои ошкоршуда аломатҳои сабук ё миёна буданд.
Штамми омикрон дар охири моҳи ноябри соли 2021 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст. Таҳқиқот нишон дод, ки он аз навъҳои қаблии коронавирус аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад.
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олими рус ба безарарии омикрон шубҳа дорад
Аломатҳои омикрон дар калонсолон ва кӯдакон гуногун ба назар мерасанд. Хастагӣ, дарди сар, набудани иштиҳо, доғҳои пӯст ва дилзании зиёд аз нишонаҳои ин навъи коронавирус аст.
Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар асоси мушоҳидаҳо бар ин назаранд, ки гирифторони навъи нави коронавирус бемориро сабуктар мегузаронанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирусӣ ором арзёбӣ мешавад ва бахши тандурустӣ давоми чанд ҳафтаи ахир аз ҳич як мавриди гирифторӣ ба ин вирус иттилоъ надодааст.
Вале қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0