Қурби рубл дар Тоҷикистон баланд шуд: бозори арз

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ беш аз 1 сомонӣ гарон шуд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 153 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як охири ҳафтаи гузашта дар кишвар барои 1000 рубл 152 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, боз поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7397 сомонӣ қимат дорад.
Ду рӯз рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7788 сомонӣ медоданд. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2951 сомонӣ аст.
Пачка долларов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2951 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7397 то 12.9300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1532то 0.1555 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0