Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксУчения стран ОДКБ в Таджикистане
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Ба далели афзоиши таҳдидҳо Русия ният дорад, чорабиниҳои муштараки низомӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро бештар кунад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Соли 2022 Ҳавзаи марказии низомии Русия теъдоди чорабиниҳои муштарак бо кишварҳои Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад, изҳор дошт фармондеҳи ин ҳавза Александр Лапин.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба афзоиши таҳдидҳои низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ рабт дорад.

"Барои рушди тавоноӣ ва малакаи нерӯҳои муштарак дар соли 2022 шумораи чорабиниҳо дар ҷиҳати омодагии якҷоя афзоиш меёбад", - таъкид намуд фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказии Русия.

Ӯ илова намуд, ки маъракаи нисбатан назаррас размоиши муштараки нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД зери унвони "Бародарии бегазанд - 2022" хоҳад буд.
Лапин зикр намуд, ки дар вокуниш ба таҳдидҳо дар Осиёи Марказӣ Ҳавзаи марказии низомии Русия дар соли равон ҳудуди 50 чорабинии байналмилалӣ баргузор намуд.
Танк Т-72Б3 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Русия танкҳои замонавиро ба кӯҳистони Тоҷикистон интиқол дод
Размоишҳои асосӣ бо иштироки воҳидҳои низомии даҳ давлати иттифоқчӣ дар қаламрави Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаронда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 18-23 октябр дар Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон се размоиш, "Эшелон-2021", "Ҷустуҷӯ-2021" ва "Ҳамкорӣ-2021" баргузор шуданд.
Баъдан, 17-19 ноябр дар Тоҷикистон размоиши дигари СААД, "Кобалт-2021" амалӣ шуд. Аз ҷониби Русия дар он низомиёни таъйиноти махсуси Ҳавзаи низомии марказӣ ва баталиони истихборотии пойгоҳи низомии 201-ум иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала