Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо алайҳи COVID - ро гирифт

© AFP 2021 / JOEL SAGETВакцина AstraZeneca
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон боз 460 350 воя ваксина ворид гардид
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Боз бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, шоми 12 декабр дар доираи механизми COVAX, вазорат боз 460 350 воя ваксина дастрас кард.
Гуфта мешавад, аз ин миён 157 950 воя ваксинаи "Pfizer-BioNTech" буда, боз 302 400 воя ваксини навъи "Astra|Zeneca" ворид гардид.
"Ваксинаҳои мазкур бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат оварда шудааст", - таъкид мегардад дар хабари вазорат.
Ёдовар мешавем, авоили моҳи декабр Ҳиндустон 698 500 воя ваксинаи "AstraZeneca" -ро ба Тоҷикистон ирсол намуда буд.
Вазорат мегӯяд, то 1 декабри соли ҷорӣ зиёда аз 2,9 миллион нафар шаҳрванди кишвар бар зидди COVID-19, тибқи нақша, моякӯбӣ шуда, зиёда аз 2,5 миллион нафар вояи дуюми ваксинаро гирифтааст.
Первая в мире вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Вуруди боз як бастаи бузурги ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон
Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии як навъи нави коронавируси омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала