ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд

© Пресс-служба МВД РТТаджикская милиция проведет разъяснительные работы не границе с Узбекистаном
Таджикская милиция проведет разъяснительные работы не границе с Узбекистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ миёни мақомоти дохилӣ ва мактабҳо дар кишвар таҳким бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққати ҷиддӣ дода мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барои роҳандози равобит кормандони милиса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону муҳассилин суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Зикр шудааст, ки аз ҷумла мақомдорони ВУД бо хонандагони литсейи давлатии рақами яки шаҳри Бохтар мулоқот намуданд.
Полковник Юсуф Обидзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар ин мулоқот аз шароити фароҳамшуда барои таҳсили ҷавонону мактаббачагон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳар якеро зарур аст, барои аз худ кардани илму донишҳои муосир талош намояд.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Муноқишаи маргбор: ноболиғ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд
Инчунин дар ҷамъомад талаботи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тавзеҳ дода шуд.
Пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон аз мавзуъҳои меҳварии дигари ин мулоқот будаанд.
Ба иттилои ВУД, муҳассилину омӯзгорон ваъда додаанд, ки барои пешгирии қонунвайронкуниҳо робитаро бо мақомоти милиса боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ миёни ноболиғон, аз ҷумла задухӯрдҳои гурӯҳӣ, ки баъзан бо марг меанҷоманд, пайваста дар ҷаласаҳои мақомоти умури дохилӣ баррасӣ мегарданду барои пешгирии чунин ҳолатҳо дастур дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала