Ҳалокати 40 нафар дар таркиши Гаитӣ – видео аз ҷои ҳодиса

Обуна шудан
Таркиш замоне сурат гирифт, ки сокинони маҳаллӣ назди мошини боркаш ҷамъ омада буданд, то сӯзишвориҳои рехтаи мошинро бартараф кунанд
Дар Гаитӣ, дар шаҳри Кап-Гаитиен таркиши бузурге сурат гирифт, ки дар он зиёда аз 40 нафар ба ҳалокат ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, махзани сӯхти мошин таркидааст. Ҳодиса шаби 14 декабр рух додааст.
Намояндагони шаҳрдорӣ мегӯянд, ки инфиҷор дар натиҷаи як садама рух додааст: ронандаи мошини боркаш кӯшиш кардааст, аз бархӯрд бо мотосиклсавор худдорӣ кунад.
Дар навор дида мешавад, ки алангаи сӯхтор ба баландии 5-7 метр мерасад.
Сӯхтор аслан тамоми паҳнои кӯчаро баста ва ба биноҳои наздик паҳн шудааст. Садои таркишхо шунида мешавад. Сокинони маҳаллӣ ба сӯхтор бо даҳшат менигаранд.
Дар ҷои ҳодиса дастаҳои ёрии таъҷилӣ ва оташнишонҳо кор мекунанд.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки аксари афроди дар бемористон бистаришуда пас аз таркиш дар саҳни бемористони шаҳр ҷойгир шудаанд. Табибон ҳоло аз нарасидани доруворӣ шикоят доранд.
Лентаи хабарҳо
0