Истеъмоли якҷояи кадом доруҳои зидди зуком хатарнок аст

CC0 / Pixabay / Градусник
Градусник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Агар шумо ин доруҳоро якҷо истеъмол кунед, беморӣ метавонад то хунравӣ бирасонад, гуфт пизишк
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Одамони гирифтори зукоми оддӣ аксари вақт ба пизишкон муроҷиат намекунанд, балки худро бо воситаҳои табобати халқӣ ё доруҳои маъмулӣ табобат мекунанд.
Пизишкон ҳушдор медиҳанд, ки баъзе комбинатсияи доруҳо метавонанд кумак накунанд, баръакс ба саломатӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Агар шумо як доруи зидди аллергияро бо шарбати алайҳи сулфа истеъмол кунед, миқдоре аз заҳри ин дору метавонад дар бадан ҷамъ шавад, гуфт сардухтури клиникии пойтахти Русия, доктори илмҳои тиб, профессор Марина Журавлева дар мусоҳиба бо хабарнигори “Москва”.
Ин зуд-зуд рух медиҳад: ҳангоми қабули доруҳои антигистаминӣ одамоне, ки сулфа доранд, бидуни тавсияи духтур ба нӯшидани шарбатҳои "безарар" шуруъ мекунанд.
Микрофотография частиц коронавируса в клетке зараженного человека - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон ҷаҳонро аз хатари COVID - 26 ва COVID - 32 ҳушдор медиҳанд
Аммо ҷузъҳои фаъол дар ҳар ду ҳолат якхелаанд ва агар шумо онҳоро якҷоя бинӯшед, аз меъёри иҷозатдодашуда мегузаред. Дар чунин ҳолат бемадорӣ эҳсос мекунед ва дар соатҳои корӣ хоболуд мешавед.
Инчунин истеъмоли доруҳо барои паст кардани ҳарорати бадан ва ҳаббҳое, ки боиси пайдоиши лахтаҳои хун мешавад, тавсия дода намешавад.

"Шумо наметавонед аксари доруҳоро бидуни машварати духтур истеъмол кунед. Онҳо аз рӯи таъйинот дар табобат ва пешгирии бемориҳое, ки бо хатари баланди лахташавии хун алоқаманданд, истифода мешаванд. Бояд дар хотир дошт, ки ин омезиш ниҳоят хатарнок аст", - қайд кард Журавлева.

Махсусан якҷоя кардани ин доруҳо барои одамони калонсол хатарнок аст: дар онҳо чунин омезиш метавонад то хунравӣ оварда расонад, ҳушдор дод духтур.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала