Мақомоти Тоҷикистон аз воридоти 1554 техникаи кишоварзӣ эълон кард

© Пресс-служба президента РТПосадка картофеля в Согдийской области
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар 11 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон дар 11 моҳ 576 трактору 79 комбайни ғалладаравӣ ворид кардааст.
Ҳамзамон дар ин давра ба Тоҷикистон се ядаки тракторӣ, 80 испори тракторӣ, 10 мошини алафдаравӣ, 81 кулӯхмайдакунак (фреза), як доси трактории худгарди КСК-100, 48 гандумкӯбак, як култиватор, 79 тойбанду тагрезчин, 53 мотоблок, 16 алафдараваки тракторӣ, 50 дорупош, 32 картошкашинонак, 16 картошкаканак, 16 култиватори картошка, 11 пармакунак, 20 тухмипошаки пахта, 32 алафҷамъкунак, 17 тухмипошаки ҷуворимакка, 94 алафдараваки дискӣ ва чаҳор адад алафдараваки КИР-1,5 ворид гардидааст.
Тибқи маълумот ин вазорат, то 1 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27462 трактори гуногунтамға мавҷуд буда, 77 фоизи он омодаи кор мебошад.
Старт осеннего сева в поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ сармоягузорҳои нав меҷӯяд
“Аз он 1629 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1086 адад комбайни ғалладарав, 9182 адад ядакҳои тракторӣ, 10161 адад испорҳои тракторӣ, 3372 адад култиваторҳо, 2240 адад тухмипошакҳо мебошанд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Вазорат қайд кардааст, ки техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла экскаватор 107 адад, боркунак 120 адад, булдозер се ва техникаҳои роҳсозӣ панҷ адад ворид гардидааст.
Дар гузориши вазорат гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон 51 дарсади аҳолӣ ба кишоварзӣ машғул буда, ба ҳамин хотир ниёз ба ба техникаи кишоварзӣ зиёд аст.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ асосан техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Русия ва Беларус истифода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала