Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Нигерия як миллион вояи ваксинаи AstraZeneca-ро нобуд мекунад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцина от коронавируса AstraZeneca
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Қаблан СҶБ аз кишварҳои аврупоӣ даъват карда буд, ки ваксинаҳоеро, ки муҳлати истифодаашон тамом шудааст, ба кишварҳои ниёзманд нафиристанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шабакаи телевизионии маҳаллӣ Channels Television, Нигерия як миллион воксини мӯҳлати истифодааш гузаштаи COVID-19-ро, ки аз ҷониби AstraZeneca истеҳсол шудааст, нест мекунад.
Мақомоти Нигерия гуфтанд, ки дигар ваксинаҳои кӯтоҳмуддатро қабул намекунанд.
Файзал Шуайб, раиси Ожонси миллии рушди кумаки аввалияи беҳдоштӣ гуфтааст, ки дар кишвар ваксинаҳое, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст, истифода нахоҳад кард.
Российская вакцина Спутник Лайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Дар БСМР аз махлути “AstraZeneca” ва "Спутник Лайт" гуфтанд
Шуайб инчунин гуфтааст, ки Нигерия дигар ваксинаҳои муҳлаташ гузаштаро мисли пештара қабул намекунад.
Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз Аврупо даъват карда буд, ки ваксинаҳои зидди COVID-19 ба дигар кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ нафиристад.
СҶБ аз Урупо талаб дорад, ки ба Тоҷикистон ваксинаҳои "вайрон" нафиристад
Намояндаи вижаи СҶБ гуфт, ки давлатҳои аврупоӣ дар аввал намехоҳанд, ки ваксинаро мубодила кунанд, дар анборҳо нигоҳ медоранд ва вақте, ки ду ҳафта пеш аз муҳлат боқӣ мемонад, ба кишварҳои ниёзманд мефиристанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала