Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пешгӯии СҶБ: "Тундбоди ковидӣ" ҳамаро фаро хоҳад гирифт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных с COVID-19 в ЦКБ "РЖД-Медицина"
Лечение больных с COVID-19 в ЦКБ РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Намояндаи СҶБ Ван Керхове ҳушдор медиҳад, ки пайдоиши штаммҳои сершумори коронавирус ногузиранд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Башарият мунтазири хуруҷи глобалии коронавирус аст, аз ҷумла сироятҳои оммавӣ бо "делта" ва "омикрон", гуфт Мария Ван Керхове, роҳбари гурӯҳи техникии шуъбаи бемориҳои изтирории Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт.
Сухангӯи СҶБ аз мақомоти ҳамаи кишварҳо даъват кард, ки "мунтазир нанишинанд ва амал кунанд".
"Ба пандемия хотима додан ва гузариши вирусро маҳдуд кардан лозим аст. Соли 2022 бояд соле бошад, ки мо ин корро мекунем", - гуфт Керхове.
Барои пешгирии ҷараёни шадиди беморӣ бояд ваксина гирифт ва ба беморон сари вақт кумак расонд.

"Ман фикр мекунам, ки мо бо тундбоди сироятҳо дар ҷаҳон, ҳам штамми "делта" ва ҳам "омикрон" рӯ ба рӯ ҳастем", - гуфт Керхове ба рӯзномаи испании Pais.

Қаблан коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз паҳншавии босуръати штамми нави омикрон изҳори нигаронӣ карда буданд, аммо ҳамзамон умедворанд, ки ин дафъа беморӣ осонтар мегузарад.
Аломатҳои омикрон дар калонсолон ва кӯдакон гуногунанд. Дар умум мо метавонем хастагӣ, дарди сар, набудани иштиҳо ва доғҳои пӯстро аз нишонаҳои ин штамм гӯем.
Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аксари гирифторони штамми омикрон дар Русия ваксина гирифта будаанд
Ёдовар мешавем, навъи нави коронавирус, ки аслан дар Африқо кашф шудааст, дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия сабт шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Федератсияи Русия 16 ҳолати сирояти омикрон ба қайд гирифта шуда, ҳамаи гирифторон таҳти назорати қатъии табибон қарор доранд.
Олими рус ба безарарии омикрон шубҳа дорад
Русия назорат дар сарҳадро ба далели омикрон шадидтар кардааст. Сайёҳон ва ҳамаи онҳое, ки аз Африқо ва кишварҳои ҳамсоя бармегарданд, ду ҳафта дар карантин хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала