Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пир мекунад: хатари мудҳиши коронавирус

© Sputnik / Константин МихальчевскийПожилая женщина, архивное фото
Пожилая женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Маълум шуд, чӣ гуна коронавирус ҷисми инсонро тағйир медиҳад. Оқибатҳои баъдикоронавирусӣ хатарнок ва шигифтоваранд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Коронавирус равандҳои физиологиро тағйир дода, функсияҳои табиии ҳаётан муҳими баданро халалдор мекунад, ки натиҷаҳояш мунҷар ба пирӣ мешавад, гуфт Вероника Сквортсова, роҳбари Агентии федералии тиббию биологии Русия.

"COVID равандҳои шабеҳеро барои тағйири сохтори бадан, ки ба пиршавӣ хос аст, тасреъ мекунад. Ин тағйирот дар марҳилаҳои ибтидоӣ эҳтимол барқарор мешаванд ва онҳоро ислоҳ кардан мумкин аст", - гуфт Сквортсова дар нишасти аъзои Академияи илмҳои Русия.

Аз ин бармеояд, барои одамоне, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, равиши нави табобат, низоми махсусе, ки ба барқарорсозии тамоми бадан асос ёфтааст, зарур аст.
Қаблан табибон хабар дода буданд, ки COVID-19 хатари бемории қалбро зиёд мекунад. Танзими кори қалб табобату машварат бо дилпизишк ё духтури амрози дарунӣ ва муоинаи ҷиддиро талаб мекунад.
Лечение больных с COVID-19 в ЦКБ РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пешгӯии СҶБ: "Тундбоди ковидӣ" ҳамаро фаро хоҳад гирифт
Инчунин маълум аст, ки беморони гипертония нисбат ба дигар гурӯҳҳои одамон ба коронавирус зудтар гирифтор мешаванд.
Аксари вақт дар гирифторони чунин маризиҳо вирус дар шакли шадидтар мегузарад, зеро тақрибан 50 ҳазор вирус метавонад ба ҳуҷайраҳои бемори гипертония ворид шавад.
Чунин беморон ҳатто пас аз ба эътидол овардани фишори хун аз тариқи доруҳо низ ба унвони афроди осебпазир аз коронавирус боқӣ мемонанд, зеро шумораи ретсепторҳои мушаххас тағйир намеёбад.
Инфаркт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Хотиррасон менамоем, ки беҳтарин чораҳои пешгирикунандаи COVID-19 барои ҳама риояи шароити эпидемиологӣ, аз ҷумла ваксинзанӣ, пӯшидани ниқоб, масофаи иҷтимоӣ ва дигар иқдомоти вобаста ба гигиена аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала