Путин мухолифи QR-код дар нақлиёт: Пеш аз Соли Нав барои мардум мушкил эҷод накунем

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба "Валдай"
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия гузориши вазири нақлиётро шуниду пешниҳод дар мавариди шаҳодатномаҳои электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятиро мавриди интиқод қарор дод
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ пеш аз Соли Нав роҳандозии QR-кодҳо зарурат надорад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи видеоии ҳукумат.
Ба гуфтаи Путин, роҳандозии чунин тағйироти куллӣ дар нақлиёт хеле мушкил аст ва метавонад душвориҳои дигар дар пай дошта бошад.

"Ҳозир арафаи Соли Нав аст, чунин маҳдудиятҳо то ҳадде мураккабанд. Барои мардум мушкилот меофарем", - изҳор дошт президент.

Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин гуфт, бо назардошти вазъи минтақаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон лоиҳаи QR-код дар нақлиёт аз баррасӣ бардошта шуд.
Вай зарурати омӯзиши ин масъала, аз ҷумла тавоноии низоми нақлиётро муҳим хонд, то ҳуқуқҳои мардум маҳдуд нашаванд.
Лечение больных с COVID-19 в ЦКБ РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пешгӯии СҶБ: "Тундбоди ковидӣ" ҳамаро фаро хоҳад гирифт
Маврид ба зикр аст, ки ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи Қонун дар бораи истифодаи QR-кодҳо дар нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ пешниҳод шуда буд. Ин тарҳ бо худ доштани санад ё QR-коди тасдиқкунандаи ваксинагирӣ, далели мувассақи тиббӣ барои нагирифтани ваксина ва ё паси сар кардани бемории коронавирусро дар назар дошт.
Вакилони Думаи давлатӣ мегӯянд, феълан ин тарҳ бозбинӣ шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0