Азми Қатару Тоҷикистон барои бунёди иншооти варзишӣ дар Душанбе

© Котиботи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонАбдуллозода Аҳтам, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло, сафири Қатар дар Тоҷикистон
Абдуллозода Аҳтам, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Иброҳим ибни  Муҳаммад Ал-Абдулло, сафири Қатар дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Тоҷикистону Қатар ният доранд, як иншооти варзишӣ барои навъҳои сабуки варзишро дар шаҳри Душанбе бунёд кунанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло, сафири Қатар дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло аз робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар тавсиф намуда, ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии ду кишварро зикр намудааст.

"Дар мулоқот, аз ҷумла сохтмони як иншооти варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанбе, ба роҳ мондани машқҳои дастаҷамъии дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ташаббусҳои Қатар дар олами варзиш зикр намуд. Ба гуфтаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли оянда Бозиҳои Осиё дар соли 2030 як такони ҷиддӣ дар рушди варзиши минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.
Встреча министра труда РТ с послом Катара в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Қатар бунёди масҷиди бузург дар шаҳри Душанберо сармоягузорӣ кард, ки калонтарин дар кишвар мебошад. Интизор мерафт, ки маросими ифтитоҳи масҷид бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад, аммо ин кор то ҳол амалӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала