Аз рублу доллар то евро: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Арзиши рублу доллар ва евро дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон каме беҳтар шудааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 153,3 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як охири ҳафтаи гузашта дар кишвар барои 1000 рубл 152 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме тағйир карда рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7456 сомонӣ қимат дорад.
Ду рӯз рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7397 сомонӣ медоданд. Ин асъор тайи чанд ҳафтаи ахир дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ дошта, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2953 сомонӣ аст.
Пачка долларов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2953 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7456 то 12.9000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1535 то 0.1550 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0