Сиёсатшинос имкони таъсиси иттиҳод дар Осиёи Марказиро арзёбӣ кард

© Sputnik / Владимир ВяткинФонтан "Дружба народов"
Фонтан Дружба народов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Коршинос дар бораи имкони таъсиси давлати иттифоқӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эъломияи нави Қазоқистон ва Ӯзбекистон сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Сиёсатшинос ва коршиноси Русия дар умури Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов эъломияи чанде пеш имзошуда дар бораи равобити иттифоқӣ миёни Тошканд ва Нурсултонро шарҳ дод.
Чунин иқдомро давлатҳо як рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ мекунанд ва худи ин санад дар чорчӯби сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон пас аз пирӯзӣ дар интихоботи соли ҷорӣ ба имзо расида буд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод кард, ки Шӯрои байнидавлатӣ таъсис дода шавад, ки ба шарофати он сарони ду кишвар метавонанд бештар дар шакли тиҷоратӣ мулоқот кунанд.
Аммо ба гуфти Дубнов, Эъломияи равобити иттифоқӣ миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон маънои таъсиси як давлати иттиҳодро надорад, ки шабеҳи дар равобити имрӯзаи Русия ва Беларус бошад.
"Ҳуҷҷат ҳамкории нармтар, вале наздикро, ки миёни Тошканд ва Нурсултон пешбинӣ шудааст, муайян мекунад", — изҳор дошт ӯ.
Мулоқоти сафири Ӯзбекистон дар Кобул Ёдгорхоҷа Шодмонов бо сарпарасти Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Наздикии кишварҳои туркзабон бо "Толибон"*: дидори дипломати ӯзбек бо Муттақӣ
Дубнов ёдовар шуд, ки талош барои наздик кардани ин ду кишвари Осиёи Марказӣ шаш сол пеш, дар замони Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон ва раёсатҷумҳурии Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон сурат гирифта буд.
"Он вақт, то марги Ислом Каримов ба роҳ мондани чунин муносибатҳо номумкин буд", - таъкид кард коршинос.
Аммо дар баробари ин сиёсатшинос муътақид аст, ки майли Тошканду Нурсултон барои наздик шудан комилан дуруст аст, зеро кишварҳо дар ин минтақа муҳиманд, ҳамон тавре ки равобити Олмон ва Фаронса дар Аврупо муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар мавриди ҳаводиси ахири Осиёи Марказӣ ва Афғонистон Ӯзбекистон бо тамоми кишварҳои минтақа ҳамсарҳад аст.

"Кумакҳои башардӯстона тавассути Ӯзбакистон, аз ҷумла аз Қазоқистон интиқол дода мешавад. Ба ин тартиб Тошканд дар равобит бо ҳукумати нав дар Афғонистон миёнарави ҷиддӣ аст, аз ин рӯ тамоми кишварҳои минтақа имкон доранд, ки худро аз таҳдидҳои афғонӣ ҳифз кунанд", - гуфт коршинос.

Илова бар ин Аркадий Дубнов аз таъсиси Созмони кишварҳои туркзабон дар Туркия рӯзи 12 ноябр ёдовар шуд, ки ҳам Қазоқистон ва ҳам Ӯзбекистон узви он ҳастанд.
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Нишасти кишварҳои туркзабон барои баррасии вазъи Афғонистон
Дубнов бар ин назар аст, ки дар ин замина набояд аз дурии Ӯзбекистон ва Русия битарсанд, зеро миёни Тошканду Маскав равобити дуҷонибаи олӣ вуҷуд дорад.
Аркадий Дубнов, коршиноси Осиёи Марказӣ мегӯяд: "Савдо афзоиш меёбад, амалан дар масъалаҳои ҳаётан муҳим ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд надорад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала