Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли Нав чанд рӯз истироҳат мекунанд

© Sputnik В Душанбе установили новогоднюю елку
В Душанбе установили новогоднюю елку
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониён дар остонаи Соли Нави милодӣ се рӯз истироҳат мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Соли Нав се рӯз истироҳат мекунанд.
Дар ин бора як манбаъ аз Федеросюни иттифоқи касабаи кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, тоҷикистониён дар Соли Нав бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ се рӯз истироҳат мекунанд.

"Тибқи тақвим Соли Нав имсол рӯзи шанбе фаро мерасад, ки мувофиқи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" агар ид дар рӯзи истироҳатӣ ояд, як рӯзи дигари корӣ истироҳат эълон мешавад",- афзуд манбаъ.

Ҳамин тариқ Тоҷикистониён Соли Навро рӯзи шанбе ҷашн мегиранд ва рӯзҳои дуюм ва сеюми январ низ истироҳат мешавад, афзуд манбаъ.
Дарахти мудерн: дар Душанбе арчаи солинавӣ қомат афрохт - акс
Ҳамакнун бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониён дар остонаи Соли Нави милодӣ се рӯз истироҳат мекунанд
Рӯзи корӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дохилии кишвар аз 4- уми январ оғоз мешавад.
Тоҷикистониён дар соли қаблӣ низ се рӯз истироҳат карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала