Зодрӯзи Гулчеҳра Бақоева: 15 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 15 декабря
День 15 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Понздаҳуми декабр дар Украина Рӯзи кормандони додгоҳ буда, Рӯзи байналмилалии чой ва Рӯзи шоҳ дар Нидерландия мебошад

Понздаҳуми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1923 ширкати мошинсозии "Шкода" ба қайд гирифта шуд.
Соли 1972 Созмони ҳифзи муҳити зисти СММ таъсис шуд.
Соли 1982 Хазинаи Байналмилалии Асъор барои ба Бразилия пешниҳод намудани заём дар ҳаҷми 4,5 миллиард доллар дар ҷиҳати хидматрасонӣ ба қарзҳои хориҷӣ ризоият дод.
Соли 1989 дар ИМА рекорди ҷаҳонӣ дар мавриди 50 соату 50 сония ба таври муаллақ дар ҳаво истодани чархбол гузошта шуд.
Соли 1990 Эломияи истиқлоли давлатии Қирғизистон қабул гардид.

Рӯзи 15-уми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1972 нахустин агрегати НБО-и Норак ба кор даромад.
Соли 2006 дар зимни ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ, садоқат ба президенти Тоҷикистон" қабул шуд.
Соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон маросими рӯнамоии "Ҳисоботи миллӣ оид ба куҳансолӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардид.
Соли 2011 дар шаҳри Берлин бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷмуаи нави "Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нашр шуд.
Соли 2016 Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ба имзо расид.
Соли 2017 парлумони Тоҷикистон таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушдро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои 15 декабр

Рӯзи кормандони додгоҳ дар Украина;
Рӯзи байналмилалии чой;
Рӯзи шоҳ дар Нидеоландия.

Рӯзи 15-уми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Абдусалом Абдуллоев (1954) - рассом ва таҳиягари кино;
Абдуқодири Абдуқаҳҳор (1967) - журналист;
Абдулло Абдунабиев (1926) - педагог, профессор, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (Тошканд);
Саидхоҷа Азизов (1933) – математик, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон;
Додоҷон Аҳмадов (1915 – 1975) – олими тиб, профессор;
Гулчеҳра Бақоева (1908 – 1976) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон;
Ҷалол Бобоев (1910-1999) - файласуф, профессор;
Шоҳин Боев (1931 – 1986) – нависанда;
Луъбат Бурҳонова (1935) – наттоқи ТВ;
Раъно Зоирдухт (1961) - шоира;
Иззатбек Идизодаи Раштӣ (1953) – шоир;
Нурмуҳаммад Исҳоқӣ (1954) - нависанда;
Қумрӣ Қодирова (1936-2012) – сароянда;
Сарфароз Қурбоналиев (1938) – актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Раҳимҷон Қурбонов (1938-1999) - наворбардори ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Исомуддин Соатов (1943 – 2006) – доктори илми тиб, профессор;
Зариф Шарифов (1949) – доктори илми иқтисод, профессор.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала