Афзоиши таваррум дар Тоҷикистон тайи 11 моҳ

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Афзоиши таваррум дар бозори Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли равон 7,5 дарсадро ташкил додааст, иттилоъ додааст Ожонси омори Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, танҳо дар моҳи ноябр ин нишондод 1,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон Ожонси омори кишвар иттилоъ додааст, ки дар ин давра нархи маводи ғизоӣ ва ғайри он, ҳамчунин таъруфаҳои хидматрасонии пулакӣ боло рафтаанд.
Таварруми солона (аз январ-ноябри соли 2020 то январ-ноябри соли 2021) 8 фоизро ташкил медиҳад.
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
БРАО: таваррум дар Тоҷикистон боло рафт
Нишондиҳандаи ҳадафманди таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 6 дарсад муқаррар шудааст.
Дар соли 2020 таваррум дар ҳамин сатҳ пешбинӣ шуда буд. Аммо дар охири сол болоравии рекордии таваррум дар даҳ соли охир - 9,4 дарсад ба назар расид.
Лентаи хабарҳо
0