Баргузории ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Қуния

© PixabayГород Стамбул
Город Стамбул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Дар шаҳри Қунияи Туркия ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бинобар иттилои сафорати Тоҷикистон дар Анкара, ин ҳамоиши тиҷоратӣ 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати дорусозӣ, нассоҷӣ, моливу бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи ин ҳамоиш вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду кишвар дар формати "соҳибкор бо соҳибкор" (B2B) баргузор мегардад.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Сафари намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Туркия
Пешбинӣ мешавад, ки бо дарназардошти корбариҳо дар доираи форуму вебинарҳо ва сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ ба ду кишвар, ки қаблан, давоми соли ҷорӣ амалӣ шудаанд, дар ҳошияи чорабинии мазкур имзои якчанд санади ҳамкорӣ сурат гирад.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон карда буданд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Туркия барои Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад.
Бояд қайд кард, ки тайи нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия беш аз 16 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.
Ҳамзамон қаблан мақомоти Тоҷикистону Туркия эълон карда буданд, ки ҳар ду кишвар тасмим доранд, гардиши савдои ин ду кишварро афзоиш диҳанд ва ҳаҷми онро ба 1 млрд. доллар расонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала