Додситон: Бархе мансабдорони Хуҷанд муроҷиати шаҳрвандонро дар вақташ баррасӣ накарданд

© Sputnik / Дмитрий АстаховЧиновник выходит из кабинета
Чиновник выходит из кабинета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Авазҷон Назарзода, прокурори Хуҷанд ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр бо баргузории як ҷаласа ҳолати қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандонро мавриди таҳлил қарор дод
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар ин иҷлосия, ки рӯзи 14 декабр дар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд доир шуд, ҳолати иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар фаъолияти се солаи масъулини ҳукумати шаҳри Хуҷанд мавриди арзёбӣ қарор дода шудааст.
Додситон Авазҷон Назарзода ҳолати иҷрои қонунгузор ва риояи тартиби қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо дар фаъолияти роҳбарони ҳукумати шаҳри Хуҷанд, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо дар давраи солҳои 2019, 2020 ва нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2021 ро ба риштаи таҳлил кашидааст.
Назарзода афзуд, ҳарчанд то ин вақт дар ин самт корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст, вале аз тарафи баъзе шахсони масъул ва дигар ташкилоту муассисаҳо зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳлатҳои муқаррагардидаи қонун вайрон карда шудааст.
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Шикояти сокинони ноҳияи Шаҳритус ба раиси вилояти Хатлон
“Дар баъзе ҳолатҳо Дастурамали “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ", ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №276,аз 01.06.2017 сол тасдиқ карда шудааст, риоя нагардида ва ба муаллифони муроҷиатҳо саривақт ҷавоб гардонида нашудаанд”, - қайд намуд прокурори Хуҷанд.
Масъулони Шӯрои ҳамаҳангсозӣ аз талаботи қонунии муроҷиати шаҳрвандон таъкид варзида, гуфтанд, ки тибқи муқаррароти моддаи 5-и Конститутсияи Тоҷикистон “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ дошта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ду сол қабл зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон Президент Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои онҳо ишора намуда аз ҷумла гуфта буд, ки “фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар мавриди баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест”.
Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“10 литр об нагирифта хушк мешавад”: шикояти сокинони Хуҷанд аз камбуди оби нушокӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” қабул намуда дар ин радиф қарори Ҳукумат дар бораи “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз соли 2017 содир шудааст.
Додситони Хуҷанд дар ҷараёни баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, аз масъулини дахлдори ҳукумат даъват кард, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон муҳлатро пешбининамудаи қонунро сарифи назар накунанд ва ба сифат ва мазмуни баррасии он таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала