Ғафуров мегӯяд, ягон бор допинг нагирифтааст: "Ҷарроҳиро аз сар гузарондам"

© Фото : Страница Муина Гафурова в FacebookМуин Гафуров. Архивное фото
Муин Гафуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Муин Ғафуров, размкори тоҷик мегӯяд, аз хабарҳои нашршуда дар мавриди допинггирияш ҳайрон асту онҳоро бепоя медонад
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ғафуров мегӯяд, дар умраш ягон бор аз допинг истифода набурдааст.
Размкори тоҷик бо зикри шикасташ дар набард бо Чад Анҷелигери канадагӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ таъкид намуд, ки қабл аз ин мусобиқа ҷарроҳӣ шуда буд.
Ӯ зимни суҳбати онлайнӣ бо мухлисон гуфт, дар бораи ин ҷарроҳӣ танҳо афроди наздикаш медонистанд, вале бо вуҷуд вақте рақобат пешниҳод карданд, ӯ вориди майдон шуд.
Ғафуров тавзеҳ дод, ки вақте созмони амрикоӣ намунаҳоеро барои ташхис гирифтанд, изҳор доштанд, ки осори доруеро ошкор карданд. Ба гуфтаи размкор, дору зимни амалиёти ҷарроҳӣ ба ӯ дода шудааст ва тамоми санадҳо ба ташхисгарон пешниҳод гардиданд. Ӯ илова намуд, баъди ин гуфтанд, ки як муддат бояд аз рақобатҳо худдорӣ кард, вале вақте хабарҳо атрофи допингро дид, ҳайрон шуд.
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
"Варзиш ба сиёсати ифлос табдил шуд": интиқоди варзишгарони тоҷик аз қазияи Назаров
Ин дар ҳолест, ахиран расонаҳо хабар доданд, ки барои ташхиси мусбати допинг Муин Ғафуровро аз ҳаққи ширкат дар набардҳо барои шаш моҳ маҳрум кардаанд. Ба иттилои MMA "Fighting", санҷиши варзишкори 26-сола муайян кардааст, ки дар тани ӯ маводи барои варзишкорон мамнуи канренон мавҷуд аст.
Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо Чад Анҷелигери канадагӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи "Dana White's Contender Series" анҷом дода буд.
Дар сурати пирӯзӣ Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин размкор аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома баст, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб эълон шуд.
Размкори ҷавон рақобатҳои касбияшро аз соли 2013 оғоз карда, то кунун 21 разм гузаронидааст, ки 17-тои онро бо пирӯзӣ ва чортоашро бо бохт анҷом додааст.
Муин Ғафуров бо қади 170,18 см ва вазн 64 кило дар муҳорибаҳои омехта бо лақаби Тоҷик баромад карда, ду бор қаҳрамони самбои ҷаҳон (WCSF), қаҳрамони ҷаҳонии грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалии самбои размӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0