Иштироки Шералӣ Кабир дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Туркия

© Sputnik Шерали Кабир, Министр промышленности и новых технологий РТ
Шерали Кабир, Министр промышленности и новых технологий РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ва маросими “Шаби арӯс” (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) ба шаҳри Қунияи Туркия сафар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар дод, форуми тиҷоратӣ дар ҳошияи сафари расмии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба Туркия сурат мегирад.
Манбаъ ҳамзамон иттилоъ дод, ки қарор аст, Шералӣ Кабир дар маросими “Шаби арӯс”, ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намояд.
Ёдрас менамоем, ки 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия бизнес-форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
Дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаи соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молию бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок хоҳанд кард.
Қарор аст, дар ҳамоиши мазкур миёни тоҷирони Тоҷикистону Туркия чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала