Тавсияи Карзай ба толибон: Барои таҳияи Қонуни Асосӣ ба панди пирон гӯш диҳед

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузаштан ба хазинаи аксЭкс-президент Афганистана Хамид Карзай
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз толибон даъват кард, ки пиронсолонро барои таҳияи Конститутсия даъват кунанд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай пешниҳод кард, ки толибон бояд Луи Ҷиргаро барои таҳияи Қонуни Асосӣ ва ташкили ҳукумат даъват кунанд.
Кишвардори собиқ ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" изҳор доштааст.
Ба таъкиди Карзай, дар Афғонистон беш аз 40 сол аст, ҷанг идома дорад ва дар 20 соли охир ин мардум аз ҳар сӯ кушта шуданд. Ӯ гуфт, талафотро ҳам артиши Афғонистон ва ҳам толибон диданд.
Ба боварии ӯ, ҷангу хунрезӣ замоне қатъ мешавад, ки тамоми мардуми Афғонистон сарҷамъ оянд.

"Афғонистониҳо якҷоя шаванд ва мустақилона роҳи раҳоӣ аз ин вазъро пайдо кунанд", - афзуд ӯ.

Карзай афзуд, дар мулоқоти худ бо толибон аз онҳо даъват намуд, то Қонуни Асосие, ки аз соли 1923 то 1973 амал мекард, баргардонда шавад. Ҳамчунин Луи Ҷирга даъват шавад, ки дар он намояндагони қабилаҳои афғон ояндаи кишвар, аз ҷумла ташкили ҳукумати намояндагӣ, таҳияи Қонуни Асосӣ ва ҳамзамон парчамро муайян мекунанд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Вокуниши Карзай ба намояндаи толибон, ки ӯву Абдуллоҳро "хиёнаткорони бузург" хонд
Аммо Карзай иқрор шуд, ки толибон пешниҳоди ӯро на рад ва на ҷонибдорӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 28-уми сентябр хабаргузории "Aamaj News"-и Афғонистон гузориш дод, ки толибон тасмим гирифтаанд, муваққатан ба Қонуни Асосии соли 1964 пойбанд шаванд, аммо бо шарти он ки муқаррароти он хилофи шариат амал накунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала