Манижа кист: русиягиҳо ситораи тоҷикро беш аз ҳама дар интернет ҷустуҷӯ кардаанд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа
Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Ҳунарнамоии Манижа Сангин дар озмуни "Евровидение 2021" ба сегонаи кофтуковҳои маъмултарини русҳо дар "Google" дар соли ҷорӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Овозхони тоҷик Манижа Сангин, ки Русияро дар "Евровидение 2021" намояндагӣ кард, имсол ба сегонаи маъмултарин муҳаррики ҷустуҷӯӣ дохил шуд.
Ба се чорабинии маъруф аз ҷиҳати ҷустуҷӯҳои босуръати "Google" дар соли 2021 Қаҳрамонии футболи Аврупо, Олимпиадаи Токио ва "Евровидение 2021" дохил гардиданд.
Маҳз бо охирин чорабинии мусиқӣ номи зодаи Тоҷикистон алоқаманд аст ва русҳо ба ҳунарнамоии Манижа дар ин озмуни байналмилалӣ бештар таваҷҷуҳ доштанд.
Маҷаллаи "Glamour" Манижаро сарояндаи сол эълон кард
Пас аз он дар ҷустуҷӯи маъмултарин Қаҳрамонии хоккеи ҷаҳонӣ, таъсиси Рӯзи падар, низоъ дар Афғонистон ва тирпарронӣ дар Қазон будааст.
Илова бар ин "Google" инчунин видеои "Сол дар Ҷустуҷӯ" -ро бар асоси ҷустуҷӯҳои соли 2021 нашр кард.
Барои ин навор Манижа Сангин таронаи "Ҷудонашаванда" навиштааст.
Ёдовар мешавем, ки 22 майи соли 2021 65-умин озмуни "Евровидение 2021" ба поён расид, ки дар он Манижа таронаи "Зани рус"-ро иҷро кард.
Занони пуртазоди тоҷик дар саҳнаи Русия: Дина ва Манижа ҷоизаи мудро "тарконданд"
Ӯ дар ин озмуни бонуфуз ҷойи 9-умро ишғол карда, ҳамагӣ 204 хол гирифт.
Намояндагони Италия ғолиби ин озмуни мусиқӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0