Модари вазири маориф даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМухаммадюсуф Имомзода, министр образование Таджикистана
Мухаммадюсуф Имомзода, министр образование Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода модарашро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Модари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз олам даргузашт.
Хабари даргузашти модари вазири маорифро сухангӯи ин ниҳод Эҳсони Хушбахт аз тариқи сафҳаи худ дар "Facbook" расонаӣ ва ба вазиру хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

"Ба вазири маориф ва илм Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бинобар сабаби даргузашти модарашон ҳамдардӣ баён мекунам. Хонаи охирати модар биҳишт бод!", - навиштааст Эҳсони Хушбахт.

Дар бораи иллати марги модари Муҳаммадюсуф имомзода чизе гуфта нашудааст.
Муҳаммадюсуф Сайдали Имомзода 28-уми апрели соли 1959 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Пас аз хатми мактаби миёна ӯ барои идомаи илмомӯзӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷат супурда ва бахши забон ва адабиёти тоҷики ин донишгоҳро дар соли 1981 хатм кардааст.
Имомзода фаъолияти кории худро нахуст ба ҳайси лаборант дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон шуруъ кард.
Пас аз се соли фаъолият дар институти мазкур ӯ ба Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Максим Горкийи Академияи илмҳои ИҶШС гузашт.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Таъзияи Вазорати фарҳанг: Рассоми халқии Тоҷикистон даргузашт
Сипас Имомзода ба ҳайси таҳқиқотчӣ дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохт ва то соли 1991 ба фаъолияти илмӣ машғул шуд.
Соли 1991 Имомзода нахуст ҳамчун омӯзгор ва сипас ба ҳайси дотсент дар кафедраи назария ва адабиёти муосири форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Соли 1999 ӯ декани ин факулта шуд.
Муҳаммадюсуф Сайдалӣ соли 2006 унвони профессорро гирифт ва соли 2008 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.
Зимнан соли 2012 ӯ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин гашт.
Соли 2014 Имомзода академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия шуд.
Соли 2020 бо фармони президент вазири маориф ва илми Тоҷикистон мансуб гашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала