Пас аз ду моҳ: нахустин кумаки СММ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон фиристода шуд

© Фото : Из личного архива А.КнязеваПограничный "Мост Дружбы" Хайратон-Термез - предмет ностальгии по советско-афганской дружбе
Пограничный Мост Дружбы Хайратон-Термез - предмет ностальгии по советско-афганской дружбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Мошинҳои боркаш ҳудуди 40 тонна кумакро ба Афғонистон мунтақил карданд, ки аз зарфҳои пластикии ошхона ва матои пластикӣ барои гарм кардани хона ё хаймаҳо иборат буд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) рӯзи чаҳоршанбе ба Афғонистон аввалин қисмати кумакҳои башардӯстонаро фиристод, ки он аз моҳи октябр дар Тирмизи Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Тавре зикр мешавад, ин кумаки тақрибан 40-тоннаӣ аз зарфҳои пластикӣ барои ошхона ва плёнкаи полимерӣ, ки барои гарм кардани манзил ё хаймаҳо истифода мешавад, иборат буд.
Интизор меравад, то охири сол ба Афғонистон парвозҳои нави борбарӣ барои интиқоли кумак роҳандозӣ шавад.
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Кобулов: Русия ба зудӣ кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро оғоз хоҳад кард
Қаблан хабар дода шуд буд, ки маркази логистикии Ӯзбекистон "Termez Cargo Centre" миёнаҳои моҳи октябр аз Комиссариати олии паноҳандагони СММ 96 тонна кумак барои Афғонистон дарёфт кард, ки он аз маводи ниёзи аввал иборат аст.
Аммо мақомоти Афғонистон барои воридоти он ба кишвар иҷоза надода буданд.
Комиссариати умури паноҳандагони СММ тавзеҳ дод, ки корвони мошинҳои боркаш пас аз гирифтани иҷозаи мувофиқ ба самти Афғонистон ҳаракат хоҳанд кард.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Барои кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон 1,3 миллиард доллар ниёз аст
Авоили моҳи август толибон амалиёти худро ба муқобили қӯшунҳои ҳукуматии Афғонистон вусъат дода, 15 август ба Кобул ворид шуданд ва рӯзи дигар аз хотимаи ҷанг хабар доданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0