Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Ба мағзи сар таъсир мерасонад": оқибатҳои фалокатбори COVID - 19

© Фото : PixabayМозг
Мозг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Коршиноси маъруфи ҷаҳонӣ гуфт, онҳое, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, ба чӣ мушкилоте мувоҷеҳ шаванд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Коронавирус ба мағзи сари инсон таъсир мерасонад, ки дар асабоният, амнезия ва диққи нафас зоҳир мешавад, гуфт сардухтари Вазорати тандурустии Русия Зураб Кекелидзе дар мусоҳиба бо РБК.
Дар аввал беморе, ки гирифтори коронавирус шудааст, намедонад, ки вирус метавонад ба ӯ зарар расонад. Аммо тавре мутахассис қайд мекунад, аксари одамон дар чунин вазъият имконоти худро нодуруст арзёбӣ мекунанд.
Кекелидзе варзишкоронро мисол овард, ки дар давоми чанд дақиқаи баъд аз оғози тамрин ба мушкили нафаскашӣ дучор мешаванд, ки пеш мушоҳида намешуд.
Пожилая женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пир мекунад: хатари мудҳиши коронавирус
Духтур як аломати хоси баъдиковидиро қисман аз даст додани хотира номид. "Онҳое, ки бемор буданд, баъзе калимаҳоро фаромӯш мекунанд ва аз ҳад зиёд асабонӣ мешаванд", - гуфт ӯ.

"Дигар норасоиҳо низ вуҷуд доранд, ки мо ҳамчун табиб дар маҷмуъ дарк кардем, ки COVID ба мағзи сар таъсир мерасонад", - афзуд Кекелидзе.

Ба гуфти ӯ, табибон муайян кардаанд, ҳангоми беморӣ дар гирифтори коронавирус таркиби хун - мағзи сар вайрон мешавад, ки барои ҳифзи мағзи сар аз микроорганизмҳо, токсинҳо, омилҳои ҳуҷайравӣ ва гуморалии масъуният пешбинӣ шудааст.
Пешгӯии СҶБ: "Тундбоди ковидӣ" ҳамаро фаро хоҳад гирифт
Қаблан роҳбари Агентии федералии биотиббии Русия Вероника Сквортсова гуфта буд, ки коронавирус равандҳои шабеҳи тағйири баданро, ки ба пиршавӣ хос аст, метезонад.
Ба ақидаи ӯ, бояд дар бораи равишҳои нав дар муолиҷаи гирифторони COVID-19 хулоса бароварда шавад. Мутахассисон чунин мешуморанд, низоми махсусе лозим аст, ки барои барқарорсозии тамоми организм сохта шуда бошад.
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Инчунин табибон дар саросари ҷаҳон қайд мекунанд, ки COVID-19 хатари бемории қалбро зиёд мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала