Ифтитоҳи парванда алайҳи падари Комроншоҳ Устопириён

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба "беэҳтиётӣ" муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар як садамаи нақлиётӣ, ки шоми 10-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон рух додааст, як марди 50-сола ҷон бохтааст, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи мошини "Киа спортиҷ" Усто Устопиров пиёдагард, марди 50-соларо, ки аз тарафи рост ба чап мегузашт, пахш кардааст.

"Дар натиҷа пиёдагард аз захмҳои бардоштааш вафот мекунад",- афзуд манбаъ.

Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дар робита ба ин ҳодиса ба "беэҳтиётӣ" гумонбар мешавад
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Поси хотири қурбониёни садама: Эълони сабаби афзоиши марг дар роҳҳои Тоҷикистон
Тафтишоти ин ҳодиса аз сӯйи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ идома дорад.
Усто Устопиров бо модаи 212, яъне "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт" муттаҳам мешавад.
Усто Устопиров, падари Комроншоҳ Устопириён устоди шинохтаи варзиши кӯштӣ дар Тоҷикистон аст.
Вай дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад ва ба даҳҳо ҷавон намудҳои варзиши кӯштиро омӯзиш медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0