Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

"Шаъну шарафро паст зад": президент додрас Шарифзодаро барканор кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Шарифзода Азизҷон Шарифро бинобар кирдори номувофиқ бо шаъну эътибори додрас аз мақомаш барканор кард
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон бо содир кардани фармоне Шарифзода Азизҷон Шарифро аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.
"Шарифзода Азизҷон Шариф бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур.
Ёдовар мешавем, моҳи август раисиҷумҳури Тоҷикистон барои паст задани шаъну эътибори судяҳо ду додрасро аз вазифа сабукдӯш карда буд.
Судяҳои барканоршуда яке Абдураҳмонзода Умеда, судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва дигаре Нозимзода Шодиҷон Латиф, судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон буданд.
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2020
Пул деҳ ҷазоятро сабуктар мекунам: боздошти судя бо 30000 сомонӣ пора
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди Олӣ ва прокурори генералӣ барои ҷилавгирӣ аз чунин зуҳурот дастури қатъӣ дода буд.
Президент супориш дод, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала