Путин дар даҳгонаи маъруфтарин мардони дунё

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял верительные грамоты у вновь прибывших послов иностранных государств
Президент РФ В. Путин принял верительные грамоты у вновь прибывших послов иностранных государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Владимир Путин яке бонуфузтарин мардони ҷаҳон шуд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар соли 2021 ба топ - 10 марди бонуфузтарин дар ҷаҳон шомил шуд.
Маълумоти пурсишро Институти сотсиологии Бритониёии YouGov нашр кардааст.
Раҳбари Русия дар ҷои нӯҳум қарор гирифт. Аммо бояд гуфт, ки Путин дар муқоиса бо натоиҷи назарсанҷиҳои давраи қаблӣ дар рейтинг се зина боло рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, сегонаи беҳтарин дар муқоиса бо соли 2020 тағйир наёфтааст. Ҳамин тариқ, ҷои аввалро дар ин феҳрист собиқ президенти ИМА Барак Обама, дар зинаи дуюм асосгузори корпоратсияи Microsoft Билл Гейтс ишғол кардаанд.
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин сегонаи раҳбарони беҳтаринро ҷамъбаст кардааст.
Миёни бонувон муътабартарин зани Барак Обама Мишел интихоб шудааст. Ҷойҳои чаҳорум ва панҷум мутаносибан насиби футболбоз Криштиану Роналду ва ҳунарманд Ҷеки Чан шуданд.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Путин дар ИМА пирӯзи интихоботи соли 2024 мешавад
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури феълии Иёлоти Муттаҳида, дар зинаи 20-ум қарор дорад.
Дар пурсиши YouGov беш аз 42 000 нафар аз 38 кишвар ва ширкат карданд.
Дар соли 2019 Путин дар қатори даҳуми ин рейтинг қарор дошт ва чаҳор зина пеш аз президенти вақти ИМА Доналд Трамп буд.
Аз таъсиргузортарин мусалмон то пешвои исмоилиёни ҷаҳон: Оқохони IV 85 -сола шуд
Дар соли 2018 Путин дар раддабандии ҷаҳонии афроди бонуфузтарин дар ҷои дуввум қарор гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала